Ссылки доступа

Вакили порлумони Қирғизистон аз тафтишот фирор ва аз ошёнаи 2 ба замин парридааст (видео)


Комисияи вакилони порлумони Қирғизистон иҷоза дод, ки вакили порлумони он кишвар Эмил Жамгирчиев ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад.

Ҷаласаи комисия рӯзи 9 январ пушти дарҳои баста сурат гирифтааст. Пеш аз шуруъи ҷаласа Жамгирчиев гуфт, ки бо айбҳои нисбаташ эъломшуда розӣ нест ва онҳоро таъқиби сиёсӣ меҳисобад.

Баъди тасмими комисияи вакилон муфаттишони Додситонии кулли Қирғизистон талош кардаанд, ки даъватнома барои бозпурсиро ба Жамгирчиев супоранд. Вай вориди яке аз утоқҳо шуда, аз ошёнаи дувум ба ҳавлии порлумон ҷаҳида ва аз тафтишот фирор кардааст.

Жамгирчиев рӯзи 8 январ низ иттилои додситонии кулли он кишварро дар бораи убури ғайриқонунии марз рад кард.

Додситонии кулли Қирғизистон ин вакили порлумонро дар убури ғайриқонунии марз гумонбар мекунад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон пештар гуфта буд, ки чанд маротиба Жамгирчиевро барои бозпурсӣ даъват карда буд, вале вакил ҳозир нашудааст. Як сол пеш Жамгирчиев иттилоъ дар бораи ғайриқонунӣ тарк кардани Қирғизистонро рад карда буд. Вай он замон гуфта буд, ки ба далели бемории падараш рухсатӣ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG