Ин суханҳои Тошиев баъди нашри изҳороти Тошов садо доданд, ки онро фаъоли мадании Қирғизистон Тилекмат Куренов 27 декабри соли гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда буд. Соҳибкор гуфта буд, шахсони ношиносе, ки ӯро боздошт карданд, худро маъмурони амниятӣ номиданд.
Ба гуфтаи Тошов, ӯро 8 рӯз бидуни сабаб боздошт карда, таҳдид карданд, ки ширкати сохтмонияшро мегиранд. Ҳамчунин аз ӯ бар иловаи 52 миллион соме, ки соли 2023 дар доираи парвандаи ҷиноие пардохт карда буд, 100 миллион соми дигар талаб кардаанд.
Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон афзуд, ки Тошов ҳангоми ҳузур доштан дар боздоштгоҳи муваққатӣ нақшаи табаддулоти давлатиро дошт ва бо Куренов дар ин бора телефонӣ суҳбат кардааст.
Тошов моҳи октябри соли 2023 дар доираи парвандаи марбут ба қитъаи замине боздошт шуда буд, ки ба ҷои боғча дар онҷо бинои зист бунёд гаштааст. Дертар хабар дода шуд, ки ӯро баъди пардохти ҷуброни зарар аз маҳбас ба ҳабси хонагӣ интиқол доданд.