Ссылки доступа

Тафтиши парвандаи рӯзноманигори қазоқ Думон Муҳаммадкарим ба поён расидааст


Тафтиши парвандаи рӯзноманигори қазоқистонӣ Думон Муҳаммадкарим, ки ба "сармоягузории экстремизм" муттаҳам мешавад, ба поён расидааст.

Вакили дифои рӯзноманигор Галим Нурпеисов ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар ин бора хабар дода, афзуд, ки то ҳол ба онҳо имкон дода нашудааст, то бо маводи парванда шинос шаванд.

"Онҳо парвандаро ба додситонӣ фиристоданӣ ҳастанд. Ба ман гуфтанд, ки парванда бояд рӯзи 22 январ ба додгоҳ бирасад ва онҷо шинос мешавад, вале ин ғайриқонунӣ аст. Зеро пеш аз фиристодан ба додситонӣ мо бояд имзои худро гузорем", - афзуд ӯ.

Муҳлати ҳабси рӯзноманигор, ки аз охирҳои моҳи майи имсол дар боздошт аст, чанд бор дароз шудааст.

Пулиси Қазоқистон Муҳаммадкаримро 28 майи соли гузашта боздошт ва 25 рӯз ҳабси маъмурӣ кард. Вале баъди ба поён расидани муҳлати ҳабси маъмурӣ зидди вай бо гумони "сармоягузории экстремизм" айб эълом карда шуд.

Муаллифи саҳифаи ND дар YouTube Думан Муҳаммадкарим барои вайрон кардани тартиби баргузории гирдиҳамоӣ ду бор ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда буд.

XS
SM
MD
LG