Ссылки доступа

Дар Қазоқистон 55 узбекистониро аз сардӣ наҷот доданд


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Автобуси мусофирбаре, ки 55 шаҳрванди Узбекистонро ба Қазон мебурд, шоми 13 январ дар 965-километрии шоҳроҳи "Самара — Чимкент" дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон вайрон шудааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар додааст, ки кормандони наҷоти ин ниҳод шаҳрвандони дармондаи Узбекистонро аз сардӣ наҷот дода, дар масҷиди деҳаи Карабутак ҷой додаанд.

Вазорат ба шаҳрвандони Узбекистон тавсия додааст, ки дар ҳавои номусоид ба сафар набароянд ва ҳамчунин пеш аз сафар вазъи техникии нақлиётро назорат кунанд.

Автобуси мазкур дар масири "Тошканд - Қазон" ҳаракат мекард.

XS
SM
MD
LG