Ссылки доступа

Таркиш дар нақби Ленин дар Қазоқистон: дар марги куҳканон чаҳор коргарро айбдор мекунанд


Дар додгоҳи шаҳри Шахтини вилояти Қарағандаи Қазоқистон рӯзи 16 январ баррасии парвандаи таркиш дар нақби ба номи Ленин дар соли 2022 оғоз ёфт.

Он замон панҷ нақбкан фавтида, чаҳор тани дигар маҷруҳ шуда буданд.

Чаҳор коргари нақби ба номи Ленин дар курсии айбдорӣ нишастаанд. Мақомоти тафтишотӣ онҳоро дар "вайрон кардани тартиботи бехатарӣ, ки боиси марги панҷ тан шудааст" айбдор мекунанд.

Айбдоршавандаҳо дар додгоҳ гуфтанд, айби эъломшударо эътироф намекунанд.

Наздикони фавтидагон талаб доранд, ки роҳбарияти нақб ва ширкати коркардкунандаи нақб низ ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванд.

Шаби 3 ноябри соли 2022 ҳангоми таркиш дар нақби Ленин дар шаҳри Шахтин панҷ нақбкан фавтид. Чаҳор тани дигар ҷароҳат бардошта буданд, ки дар натиҷа бархе аз онҳо маъюб шуданд. Соли 2006 дар ҳамин нақб 41 коргар фавтида буд.

XS
SM
MD
LG