Ссылки доступа

Амрико аз Қирғизистон хост, барои кори озодонаи рӯзноманигорон шароит фароҳам кунад


Вазорати умури хориҷии Амрико 18 январ бо нашри изҳороти махсус аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки барои фаъолияти озоди рӯзноманигорон шароит фароҳам кунанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико Мэтью Миллер гуфт, "хабарҳо дар бораи амалҳои ахири ҳукумат алайҳи рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил дар Қирғизистон ИМА-ро сахт нигарон кардааст. Ин амалҳо талошҳои ҳукумат барои нафасгир кардани мубоҳисаҳо дар ҷомеа ва озодии баёнро мемонад. Мо аз мақомоти Қирғизистон даъват мекунем, ки ба рӯзноманигорон шароити корӣ ва озодӣ аз фишору таъқибро фароҳам кунанд".

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 17 январ 11 рӯзноманигор ва фаъоли маданиро то 13 марти имсол ба ҳабс гирифт.

Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфтанд, ки зидди боздоштшудаҳо бо гуони "бетартибии оммавӣ" ва "даъват ба итоат накардани фаъолона ба талабҳои қонунии мақомот, даъват ба бетартибиҳои оммавӣ, ҳамчунин даъват ба зӯроварӣ нисбати шаҳрвандон" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Худи гумонбарон ин иттиҳомҳоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG