Ссылки доступа

Порлумони Аврупо ҳукумати Тоҷикистонро сахт танқид кард (гулчин)


Georgia-Ossetia, Tskhinvali, winter, snow, children
Georgia-Ossetia, Tskhinvali, winter, snow, children

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Яке аз наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим: "Моро ғам медиҳанд". Наздикони Мирзокарим Назаров, бародари Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон мегӯянд, ки Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе манзили онҳоро дар кӯчаи Қаротегини пойтахт ба фоидаи Кумитаи сармоягузорӣ мусодира кардааст. (видео)

- Порлумони Аврупо ҳукумати Тоҷикистонро сахт танқид кард. Порлумони Аврупо бо қабули як қатъномае аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба ҳуқуқи мардум эҳтиром гузорад ва саркӯбу ба зиндон андохтани хабарнигорону фаъолони маданиро бас кунад. Ба ин қатънома 481 нафар раъйи мувофиқ ва 25 нафар раъйи мухолиф додаанд. (видео)

- Чаро теъдоди ҳоҷиёни тоҷик босуръат зиёд мешавад? Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мегӯянд, дар 5 соли ахир шумори зойирон аз Тоҷикистон се баробар афзуда, сафи ҳоҷиён дар кишвар ба таври бесобиқа зиёд мешавад. Омил, ё ангезаи зиёд шудани зойирони тоҷик дар Маккаву Мадина чист? (видео)

- Як зан дар назди идораи милисаи Кӯлоб худро куштааст. Дар Кӯлоб парвандаи ғайриоддиеро таҳқиқ мекунанд, ки бо фоҷеа анҷомидааст. Зане дар назди идораи полиси шаҳр даст ба худкушӣ задааст (видео)

- Гази моеъро ба Тоҷикистон асосан кӣ меорад? Болову поин рафтани қимати гази моеъ дар Тоҷикистон дар соли гузашта дигарбора баҳсро сари воридкунандагони ин сӯзишворӣ зиёд кард. Теъдоде мегӯянд, азбаски воридоти газ дар дасти афроди наздик ба ҳукумат аст, онҳо ҳар вақт хоҳанд, қиматро боло мебаранд. Аммо мақомот мегӯянд, ки чунин нест.

- Муҳоҷирони тоҷик дар Химпек коршиканӣ кардаанд. Ҳудуди сад муҳоҷири тоҷик дар корхонаи кимиёии “Химпэк” дар шаҳраки Шахтаи вилояти Ростови лаби Дон бо эътироз ба зидди кордиҳанда корпартоӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, раҳбарони корхона ваъда дода буданд, ки маошашонро боло мебаранд, вале ба ваъдаашон вафо накарданд. (видео)

- "Инқилоб набуд, таҷовузи Артиши Сурх буд". Иршод Сулаймонӣ дар суҳбат аз Одинабеки Ғорифӣ пурсид, ки чаро Иморати Бухоро аз байн рафт ва онҳое ки муқобили артиши Сурх ҷанг карданд босмачӣ ҳастанд ё мубориз? (видео)

- "Писарам бемории гузаранда дорад, вале ба артиш бурданд". Як сокини ноҳияи Мастчоҳ иддао дорад, ки мақомот писари беморашро ба хидмати ҳарбӣ фиристодаанд. Ба гуфтаи Равшан Сафаров, бемории писараш Даврон Сафарзода нафақат ба худаш, балки ба саломати дигарон ҳам хатар дорад. (видео)

- Салом, хоҳар. "Шавҳар намегурезад, хонед". “Занонро бас бувад ин як ҳунар, ки шинанду зоянд шерони нар”. Аксаран онҳое, ки донишманд будани духтаронро зарур намедонанд, бо шарҳи нодурусти ин мисраи Фирдавсӣ мехоҳанд, собит кунанд, ки назарашон дуруст аст. Вале заноне, ки ҷабри чунин ақидаро мекашанд, мегӯянд, ин иддао комилан хато аст. (видео)

- Тоҷикистон бояд ба афзоиши шумораи афроди дарозумр омода бошад. Тӯли миёнаи умр дар Тоҷикистон ба 76 сол расида фавт ду баробар кам шудааст. Ин изҳоротест ки ахиран дар паёми солонаи президент садо дод ва ӯ зиндагии беҳтарро сабаби чунин вазъ номид. Ба қавли донишмандон Тоҷикистон бояд ба афзоиши афроди дарозумр омода бошад (видео)

- Таҳқиқи парвандаи Шаҳбоз ба куҷо расид? Пайвандони як ҷавон аз шаҳри Ваҳдат мегӯянд, бо гузашти се моҳ аз лаҳзаи боздошт намедонанд, ки ӯ дар чӣ ҳол аст ва ҷараёни таҳқиқи парвандааш ба куҷо расида (видео)

- Бо наздикшавии интихоботи президентии Русия баҳси муҳоҷирати корӣ гарм мешавад. (видео)

- Як фармондеҳи тоҷики “Ансоруллоҳ” дар Афғонистон нопадид шудааст (видео)

- Даъвову баҳс барои хона дар Тоҷикистон зиёдтар мешавад. Як сокини шаҳри Хуҷанд, ки мегӯяд, хонаашро аз даст додааст, ҳалномаи додгоҳро ғайриқонунӣ медонад. Вай аз додгоҳ домангир аст, ки бо ёрии шавҳари собиқаш манзили сабтшуда ба номи ӯро ба ҳамсари як корманди додситонӣ додааст. Шавҳари собиқи зан ин даъворо беасос медонад. (видео)

- "Патенти гарону қурби паст миёни моро шикаст". Дар шумораи навбатии "Рӯзгори муҳоҷир" Азизбек Ашӯров дар бораи даҳ соли ҳиҷрату кораш дар минтақаи дурдасти Сибири Русия қисса мекунад (видео)

- "Китобнавис зиёд шудааст, китобхон нест". Вазорати фарҳанги Тоҷикистон панҷ китоберо барандаи имсолаи озмуни "Китоби сол" эълон кардааст, ки ба гуфтаи тоҷирон таваҷҷуҳи харидорон ба онҳо чандон зиёд нест (видео)

- "Бердимуҳаммадов, шумо иқтисодро хароб мекунед!" Ягона рӯзноманигори мустақил дар Туркманистон аз воқеиятҳои он кишвар мегӯяд (видео)

- Русия Украинаро бо мушакҳои Куриёи Шимолӣ мезанад? Мақомоти ИМА мегӯянд, оре (видео)

- "Снайперҳо сӯи одамон тир кушоданд". Шоми торики 6 январ дар майдони Алмато ва абрҳои атрофи он ҳодисаҳо (видео)

- Роҳбарон ва диктаторҳои дунё соли 2024-ро бо чи изҳороте шуруъ карданд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG