Ссылки доступа

Боздошти се фармондеҳи қирғиз барои латтукӯби як сарбоз


Military exercise - koopsuzduk -2021 - Ministry of Defense of Kyrgyzstan - Kyrgyz soldier - Kyrgyz army
Military exercise - koopsuzduk -2021 - Ministry of Defense of Kyrgyzstan - Kyrgyz soldier - Kyrgyz army

Се фармондеҳи як қисми низомии Вазорати дифои Қирғизистон бо гумони латтукӯби сарбозе дастгир шудаанд.

Хадамоти матбуотии Додситонии кулли Қирғизистон хабар дода, ки зидди фармондеҳон бо банди "Шиканҷа" парванда боз шуда, тафтишотро додситонии ҳарбии ин кишвар анҷом медиҳад.

"Даст доштани шахсони дигар дар ин ҳодиса муайян карда мешавад", - афзудааст манбаъ.

Ин бори аввал нест, ки дар қисмҳои низомии Қирғизистон сарбозон латтукӯб мешавад. Расонаҳо моҳи июли соли 2022 хабар дода буданд, ки дар як қисми низомии Вазорати ҳолатҳои фавқулода сарбозеро латтукӯб кардаанд.

Муовини вақти вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон Урматбек Шамирканов он замон гуфта буд, ки дар натиҷаи латтукӯб масонаи сарбоз кафидааст ва ӯро ҷароҳӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG