Ссылки доступа

Робахон Маҳмудова раиси Ҳизби “Адолат”- Узбекистон интихоб шуд


 Робахон Маҳмудова
Робахон Маҳмудова

Робахон Маҳмудова раиси Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Узбекистон – “Адолат” интихоб шудааст.

Хабаргузории “УзА” иттилоъ дода, ки Маҳмудова ба ин мақом рӯзи шанбеи гузашта дар анҷумани ҳизб интихоб гаштааст. Баҳром Абдуҳалимов, ки аз моҳи октябри соли 2020 ҳизбро раҳбарӣ мекард ва дар интихоботи соли 2021 номзад ба мақоми президентии Узбекистон буд, бо хоҳиши худ аз мақомаш канор рафтааст.

Робахон Маҳмудова аз моҳи июли соли 2020 муовини аввали раиси Додгоҳи олии Узбекистон буд ва Сенати Узбекистон, палатаи болоии порлумон рӯзи ҷумъаи гузашта барканории ӯро аз мақоми муовинии раиси додгоҳи олӣ қабул кард. Дар қарор гуфта шуда, ки Маҳмудова “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” барканор мешавад.

Робахон Маҳмудова соли 2023 дар интихоботи ғайринавбатии президентии Узбекистон номзади Ҳизби “Адолат” буд ва 4,43% раъйи мардумро ба даст овард.

XS
SM
MD
LG