Ссылки доступа

Роҳбари Бошқирдистон ба Қазоқистон сафар мекунад


Мақомоти Қазоқистон хабар доданд, ки рӯзҳои 23-24 январ Радий Хабиров, роҳбари Бошқирдистони Русия ба Қазоқистон сафар мекунад.

"Дар доираи ин сафар ҳайати Бошқирдистон дар форуми тиҷории "Қазоқистон-Бошқирдистон" ва дар ҷаласаи гуруҳи кории рушдии ҳамкориҳо байни Қазоқистон ва Бошқирдистон ширкат мекунад", - хабар доданд расонаҳои Қазоқистон аз қавли Ойбек Смадияров, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Сафари Хабиров ба Қазоқистон дар ҳоле сурат мегирад, ки чанд рӯзи ахир дар Бошқирдистон гирдиҳамоиҳои мардумӣ идома доранд. Ахиран гирдиҳамомадагон бо пулис занозанӣ карданд. Сокинон озодии фаъоли маҳаллӣ Фаил Алсиновро талаб карданд, ки бо айби "барангехтани душманӣ" 4 сол зиндонӣ шуд.

XS
SM
MD
LG