Ссылки доступа

Як кумитаи порлумони Қирғизистон лоиҳаи қонуни "намояндагони хориҷӣ"-ро қабул кард


Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ, сохтори давлатӣ ва масъалаҳои додгоҳӣ-ҳуқуқии порлумони Қирғизистон тарҳи қонуни "намояндагони хориҷӣ"-ро дар хониши дуввум тасдиқ кард.

Дар кумита гуфтанд, ки тарҳи қонун дар ҷаласаи рӯзи 23 январ қабул ва тағйироти воридшуда асосан ба муҳлати ҷавобгарии ҷиноӣ барои таъсис ва идораи созмонҳои ғайридавлатие дахл дорад, ки фаъолияташон ба “зӯроварӣ нисбат ба шаҳрвандон” алоқамандӣ дорад.

Пешниҳод шудааст, ки муҳлати ҷазо аз 5 то ба 3 сол кам карда шавад. Ҳамчунин хоста шудааст, ки барои иштироки фаъол дар чунин созмонҳо ба ҷои 10, 5 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.

Бар асоси тарҳи қонун, дар Қирғизистон мехоҳанд, созмонҳои иҷтимоӣ ва созмонҳои ғайридавлатиеро "намояндаи хориҷӣ" унвон кунанд, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд.

Чанде аз созмонҳои байналхалқӣ низ аз мақомоти Қирғизистон хостанд, ки ин тарҳро қабул накунанд. Тарҳи мазкурро ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" ташбеҳ мекунанд.

XS
SM
MD
LG