Ссылки доступа

Дар Тошканд як наврас барои кӯдакозорӣ 6 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд 23 январ навраси 15-сола Х. Ш.-ро, ки ба озори чаҳор духтарча муттаҳам мешуд, маҳкум ба зиндон кардааст.

Хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон хабар додааст, ки Х.Ш. бар асоси банди "Иҷборан қонеъ кардани талаботи шаҳвонии худ аз роҳи ғайритабиӣ" гунаҳкор дониста шудааст.

Наврас ба муҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Хабаргузории "Газета.uz" 4 майи соли гузашта ҷузъиёти қазияро нашр карда буд. Писари мудири боғҷаи "Козмунчак" дар Чилонзор ба ҳуҷраи тарбиятгирандагон, ки дар онҷо кудакон хоб буданд, даромада, духтарчаҳоро озор додааст.

Худи мудири боғча, ки дертар аз мақом барканор шуд, гуфта буд, ки писарашро "туҳмат мекунанд".

XS
SM
MD
LG