Ссылки доступа

Фаъоли зиндонии қазоқистонӣ Марат Жиланбоев гуруснашинӣ эълом кардааст


Роҳбари ҳизби сабтношудаи "Алға, Қазоқистон!" Марат Жиланбоев бо нишони эътироз аз бетағйир боқӣ гузоштани ҳукмаш дар зиндон гуруснашинии бемуҳлат эълом кардааст.

Дар ин бора Меирҷон Доскараев, вакили мудофеи Жиланбоев рӯзи 24 январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 19 январ ҳукми Марат Жиланбоевро бе тағйир боқӣ гузошт.

Жиланбоев ва вакилони мудофеаш аз додгоҳ хоста буданд, ки ҳукми ӯро бозбинӣ кунад.

Пештар аз ин мақомоти 11 шаҳри Қазоқистон ба баргузории тазоҳурот ба ҷонибдорӣ аз Жиланбоев иҷозат надодаанд.

Гуруҳи мониторингии "NotExtremists" хабар дода, ки фаъолони мадании шаҳрҳои Алмато, Остона, Чимкент, Уралск, Петропавловск, Костанай, Кокшетау, Оқтеппа, Семей, Қарағанда ва Павлодар ба дархости худ барои баргузор кардани тазоҳурот посухи рад гирифтаанд.

Фаъолони Қазоқистон мехостанд, 17 январ таҳти шиорҳои "Озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ" ва "Озодӣ ба Марат Жиланбоев" тазоҳуроти баргузор кунанд.

Мақомоти шаҳрҳои Қазоқистон бо далелҳои гуногун, аз ҷумла пешниҳод накардани маълумоти пурра, дер дархост кардан ва чорабиниҳои қаблии бидуни мувофиқа посухи рад додаанд.

Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон моҳи ноябри соли 2023 фаъоли сиёсии он кишвар Марат Жиланбоевро 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вай борҳо талош кард, ки ҳизби "Алға, Қазоқистон!"-ро сабти ном кунад. Ӯро дар "маблағгузории фаъолияти тундгароёна" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG