Ссылки доступа

Додгоҳи Қирғизистон ҷавонеро шартан аз зиндон озод кард, ки дар Украина ҷангида буд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 24 январ парвандаи Аскар Кубаничбек уулуро бозбинӣ кард, ки пештар бо айби иштирок дар ҷангҳои Украина 10 сол зиндонӣ шуда буд.

Додгоҳ муҳлати зиндони Кубаничбек уулуро то 7 сол кам ва ӯро шартан аз зиндон раҳо кард. Вай се сол таҳти назорат хоҳад буд.

Ҳамин додгоҳи шаҳри Бишкек моҳи майи соли 2023 Аскар Кубаничбек уулуро барои иштирок дар ҷанги зидди Украина 10 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Тибқи маводи парванда, Кубаничбек уулу моҳи июни соли 2022 ба ҷанги зидди Украина рафтааст. Ӯ моҳи ноябри соли 2022 аз сафи нерӯҳо ихроҷ ва баъди баргашт ба Бишкек дастгир шуд.

Кубаничбек уулу дар додгоҳ гуфт, дар ҳайати неруҳои ҷудоихоҳ дар ҷумҳурии ба истилоҳ, Луҳанск хидмат мекард ва танҳо дар тақсими кумакҳои башардӯстона иштирок кардааст. Ба гуфтаи Кубаничбек уулу, вай ба хотири дарёфти шаҳрвандии Русия ба ҷанги Украина рафта буд.

XS
SM
MD
LG