Ссылки доступа

Дар Қирғизистон Раимбек Матраимовро мекобанд


Матраимов.
Матраимов.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон муовини пешини раиси Хадамоти гумруки он кишвар Раимбек Матраимовро таҳти пайгарди қонунӣ қарор додааст.

Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба манбаъҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон навиштанд, ки Матраимов дар "Мусоидат ба маҳдудсозии озодии шахсе, ки дар ҳаракатҳои ӯ нишонаҳои ҷиноят дида намешавад" муттаҳам аст.

Худи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.

Қаблан гуфта мешуд, ки Матраимов нахуст ба Туркия ва аз онҷо ба Дубай сафар кардааст.

Хабаргузории "Kaktus.media" навиштааст, ки Матраимов садҳо миллион соми ваъдаиро ба буҷаи давлат насупурда, пинҳон шудааст.

Раимбек Матраимов солҳои 2015-2017 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд. Ному насаби вай борҳо дар таҳқиқотҳои рӯзноманигории марбут ба низоми фасодолуди мақомоти гумруки Қирғизистон зикр шудааст.

Моҳи октябри соли 2020 Матраимовро дар фасодкорӣ дар мақомоти гумрук айбдор карданд. Вай 1 млрд 400 млн сом пули нақд ва дар ҳаҷми 600 млн сом ба давлат амвол пардохт. Матраимов дар додгоҳ айбро эътироф кард ва бо пардохти 260 ҳазор сом ҷарима озод шуд.

XS
SM
MD
LG