Ссылки доступа

Сафари низомиёни Литва ба Чину Русия ва Белорус манъ шуд


Ҳукумати Литва сафари ғайрикории низомиёни ин кишварро ба Русия, Белорус ва Чин манъ кардааст.

Дар Вазорати дифои Литва ба “BNS” гуфтаанд, ки ин рӯйхат дар асоси баҳогузории хатару таҳдидҳо ба амнияти миллии кишвар таҳия шудааст.

“Дар Стратегияи амнияти миллӣ қайд шуда, ки Русия, Чин ва Белорус ба амнияти Литва ва шаҳрвандони он хатар доранд. Аз ҷумла, хадамотҳои амнияту иктишофии ин кишварҳо зидди Литва амалҳои ҷосусӣ анҷом медиҳанд”, - омадааст дар қарори ҳукумати Литва.

Ҳамчунин сафари транзитии низомиёни Литва тариқи кишварҳои мазкур, ба ҷуз аз ҳарими ҳавоӣ низ манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG