Ссылки доступа

Рӯзноманигорони ҳабсшудаи қирғизро то ҳол дар шуъбаи пулис нигаҳ медоранд


Мақомоти Қирғизистон 11 хабарнигори боздоштшударо бо вуҷуди содир шудани ҳукми додгоҳ дар бораи ҳабси пешакии онҳо дар боздоштгоҳи шуъбаи пулис нигаҳ медоранд.

Раиси Маркази миллии пешгирӣ аз шиканҷа дар Қирғизистон Бақит Рисбеков ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, аз додситонии шаҳри Бишкек дархост кардааст, ки то куҷо қонунӣ будани нигаҳдории рӯзноманигорон дар шуъбаи пулисро бисанҷад.

Талошҳо барои дарёфти назари Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар ин бора бенатиҷа буданд.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 17 январ 11 рӯзноманигор ва фаъоли маданиро то 13 марти имсол ба ҳабс гирифт.

Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфтанд, ки зидди боздоштшудаҳо бо гуони "бетартибии оммавӣ" ва "даъват ба итоат накардани фаъолона ба талабҳои қонунии мақомот, даъват ба бетартибиҳои оммавӣ, ҳамчунин даъват ба зӯроварӣ нисбати шаҳрвандон" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Худи гумонбарон ин иттиҳомҳоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG