Ссылки доступа

Мухолифи зиндонии қазоқро ба маҳбаси Степногорск бурдаанд


Роҳбари ҳизби сабтношудаи "Алға, Қазоқистон!" Марат Жиланбоев , ки охири моҳи гузашта 7 сол аз озодӣ маҳрум гашт, ба маҳбаси шаҳри Степногорск интиқол дода шудааст.

"Ман аз боздоштгоҳи муваққатии № 64-и шаҳри Остона берун шудам. Бояд онҷо бо Жиланбоев шикояти навбатӣ алайҳи ҳукми додгоҳро баррасӣ мекардем. Мутаассифона, натавонистам бо ӯ вохӯрам ва аз вазъи сиҳатияш огаҳ шавам. Жиланбоевро 26 январ ба маҳбаси № 4-и шаҳри Степногорск интиқол додаанд", - хабар дод вакили мухолифи зиндонии қазоқ Меиржан Доскараев.

Дар маҳбаси Степногорск ба зангҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ посух надоданд.

Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон моҳи ноябри соли 2023 фаъоли сиёсии он кишвар Марат Жиланбоевро 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вай борҳо талош кард, ки ҳизби "Алға, Қазоқистон!"-ро сабти ном кунад. Ӯро дар "маблағгузории фаъолияти тундгароёна" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор карданд.

Додгоҳи Остона рӯзи 19 январ ҳукми Марат Жиланбоевро бе тағйир боқӣ гузошт. Ӯ бо нишони эътироз аз бетағйир боқӣ гузоштани ҳукмаш дар зиндон гуруснашинии бемуҳлат эълом кардааст.

XS
SM
MD
LG