Ссылки доступа

Парвонаи кор – тарҳи баҳсбарангез дар Қазоқистон


Гурӯҳе аз вакилони порлумони Қазоқистон рӯзи 25-уми январ тарҳ (лоиҳа)-еро тасдиқ карданд, ки ба мақомоти ин кишвари Осиёи Марказӣ иҷоза медиҳад, ба "сабабҳои амниятӣ" аз додани парвонаи кор (аккредитатсия) ба расонаҳои хориҷӣ ва хабарнигорони онҳо худдорӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури хориҷии Қазоқистон парвонаи кори 36 хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодиро дар соли 2024 дароз накардааст.

Тибқи лоиҳаи қонун, Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон метавонад "дар сурати таҳдид ба амнияти миллӣ" аз додани аккредитатсия ба расонаҳои хориҷӣ ва хабарнигорони онҳо даст кашад.

Дар тарҳ ҳамчунин гуфтаанд, кори расонаҳои хориҷӣ ва хабарнигорони онҳо бе аккредитатсия мамнуъ хоҳад буд.

"Тасмим дар бораи боздоштани фаъолияти расонаҳои хориҷӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷӣ ва бе ҳукми додгоҳ гирифта хоҳад шуд," – зикр кардаанд муаллифон.

Гулмира Биржанова, намояндаи "Маркази Ҳуқуқии Расонаҳо", рӯзи 26-уми январ гуфт, лоиҳаи пешниҳодӣ бояд дар шакли ҳозирааш рад карда шавад.

Вай аз рӯзноманигорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ хост, ки дар баррасии тарҳ фаъолона ширкат кунанд.

XS
SM
MD
LG