Ссылки доступа

Завқибеки Саидаминиро дар "Истиқлол" ташхис карда дубора ба зиндон бурданд


Завқибек Саидаминӣ то замони боздошташ як хабарнигори фаъол буд ва яке аз камтарин журналистоне буд, ки ҳабси ҳамкасбонашро соли 2022 танқид кард. Як сабаби асосии ҳабси худи ӯро ҳам интиқод аз кори мақомот меноманд
Завқибек Саидаминӣ то замони боздошташ як хабарнигори фаъол буд ва яке аз камтарин журналистоне буд, ки ҳабси ҳамкасбонашро соли 2022 танқид кард. Як сабаби асосии ҳабси худи ӯро ҳам интиқод аз кори мақомот меноманд

Ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, хабарнигори маҳкумшуда ба ҳафт соли зиндонро даҳ рӯз пеш дар беморхонаи Душанбе ташхис кардаанд.

Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори зиндонии тоҷикро аз маҳбас ба Беморхонаи “Истиқлол”-и Душанбе овардаанд. Ду манбаи аз ҳам ҷудои Радиои Озодӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “ӯ аз дарди сутунмуҳра ранҷ мекашид ва барои рентген ба беморхона оварданд.”

Як ҳамсуҳбати мо гуфт, Завқибеқро тақрибан даҳ рӯз пеш бо дархости наздиконаш ба Беморхонаи “Истиқлол” оварданд ва баъди ташхис дубора ба маҳбас бозгардонданд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Завқибек Саидаминӣ дар суҳбат ба наздиконаш аз дарди дил шикоят кардааст. “Вале ташхис нишон дод, ки на дил, балки сутунмуҳраи Завқибек бемор будааст. Наздиконаш талаб доранд, ки ӯ дар Бемористони зиндон бистарӣ карда шавад,” - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Як манбаъ гуфт, натиҷаи ташхиси сутунмӯҳра барои пайвандонаш ҳоло маълум нест. Ташхис дар ҳузури хонаводааш гузаронида шудааст. Модараш 19-уми январ ба қабули раҳбарияти идораи зиндонҳо рафта, ин хоҳишро карда будааст.

Наздикони Завқибек Саидаминӣ ба бемористони овардани ӯро тасдиқ карданд, аммо аз суҳбати бештар худдорӣ намуданд. Сино Саидаминӣ, бародари Завқибек танҳо аз масъулини идораи зиндонҳо ташаккур кард, ки барои ташхиси саривақтии бемористон берун аз зиндон розигӣ доданд.

Мақомот дар бораи вазъи саломатии Завқибек Саидаминӣ чизе нагуфтаанд. Завқибек Саидаминӣ, хабарнигори тоҷик ва як замон довталаби курсии вакили порлумон ҳам буд, моҳи ноябри соли 2022 ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд.

Додрас ӯро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор кард вале худаш ҳукмро “якҷониба” номид. Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ дар зиндони “Якум советский” дар пойтахт нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG