Ссылки доступа

Баъди пахши хонандаи мактаб дар Қирғизистон як пулиси мансабдорро ба ҳабс гирифтанд


Сардори пешини пулиси шаҳри Балиқчии Қирғизистон Бектур Осмонбоев бо гумони пахши Фотима Акуноваи 12-сола ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Дар ин бора додгоҳе дар Қирғизистон рӯзи 29 январ қарор содир кард.

Нисбати Осмонбоев бо моддаҳои "Сӯистифода аз мақоми хидматӣ", "Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз рӯи беэҳтиётӣ боиси марги одам шудааст" ва "Дар хатар гузоштан, ки аз рӯи беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин шудааст" парванда боз кардаанд.

Бекзод Казаков, бародари ӯро, ки нозири минтақавӣ буд ва ҳамчунин дар доираи таҳқиқи пешакии садамаи нақлиёти мазкур боздошт шуда буд, шартан аз ҳабс озод карданд.

Рӯзи 26 январ дар шаҳри Балиқчии Қирғизистон хонандаи 12-солаи мактаб зери чархи мошин монд. Вай дар бемористон бистарӣ шуд ва айни замон вазъаш муътадил баҳо дода мешавад.

Дар наворҳо дида мешавад, ки ронанда баъди садама аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. Баъди он ҳодиса сокинони маҳаллӣ пушти дари идораи пулис ҷамъ шуданд ва даъво карданд, ки сардори пулиси Балиқчӣ Бектур Осмонбоев пушти фармони мошин буд. Рӯзи 27 январ мақомоти Қирғизистон аз боздошти вай хабар доданд. Рӯзи 28 январ бародари вай - Бекзод Казаков ба пулис ҳозир шуд ва гуфт, пушти фармони мошин вай буд, на бародараш.

Мақомоти Қирғизистон баъди ҳодиса фавран ҳар ду бародарро аз мақомҳо барканор карданд.

XS
SM
MD
LG