Ссылки доступа

Ба раиси амнияти Қирғизистон роҳбарии иттиҳоди футболро пешниҳод карданд


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар Қамчибек Тошиев пешниҳод кард, ки Иттиҳоди футболи Қирғизистонро роҳбарӣ кунад.

Ба гуфтаи Ҷабборов, агар роҳбари Иттиҳоди футболи Қирғизистон (ИФҚ) назорати сахтро амалӣ насозад, ба даст овардани натиҷа осон нахоҳад буд.

"Муҳимтар аз ҳама - ба омода кардани футболистҳо таваҷҷуҳи амиқ равона кард. Бояд тартибот бошад. Мо инро хуб медонем. Аз ҳамин хотир ман дирӯз ба Қамчибек Тошиев пешниҳод кардам, ки ИФҚ-ро роҳбарӣ кунад", - гуфт Ҷабборов.

Ин дар ҳолест, ки президенти Иттиҳоди футболи Қирғизистон Медербек Сиддиқов рӯзи 29 январ истеъфо дод.

Сабаби асосии истеъфои вай бохти тими миллии Қирғизистон дар Ҷоми Осиё дар Қатар будааст.

"Бо назардошти изҳороти Сиддиқов кумитаи иҷроия низ эҳсоси масъулият карда, тасмим гирифт, ки дастаҷамъона истеъфо диҳад", - омадааст дар хабари Иттиҳоди футболи Қирғизистон.

Медербек Сиддиқов соли 2021 ба ин мақом интихоб шуда буд.

Федератсияи футболи Қирғизистон соли 1992 ташкил шудааст. Ин федератсия дар соли 2019 ба Иттиҳоди футболи Қирғизистон табдили ном кард.

Тими мунтахаби Қирғизистон дар Ҷоми Осиё дар Қатар нахуст ба тими Тайланд бо ҳисоби 2:0 бохт ва баъдтар аз тими Арабистони Саудӣ низ бо ҳамин ҳисоб шикаст хӯрд.

XS
SM
MD
LG