Ссылки доступа

IPI аз Қазоқистон хост, қонуни баҳсбарангез дар бораи ВАО-ро қабул накунад


Пажӯҳишгоҳи Байнулмилалии Матбуот ё "International Press Institute" (IPI) гуфтааст, лоиҳаи қонун "Дар бораи воситаҳои ахбори ом", ки дар порлумони Қазоқистон баррасӣ мешавад, метавонад ба вазъи озодии баён дар ин кишвар таъсири манфӣ расонад.

Ба гуфтаи намояндагони созмон, дар сурати дар шакли кунунӣ қабул шудани қонун кори расонаҳои хориҷӣ дар Қазоқистон хеле маҳдуд ва хабаргузориҳо муваззаф мешаванд, ки дар ҳукумат худро расман сабтином кунанд.

Муовини мудири созмон Скотт Гриффен гуфт, IPI, аз ҷумла аз банди норавшани "таҳдид ба амнияти миллӣ" ва муқаррароти нав барои аккредитатсияи расонаҳои хориҷӣ нигарон аст. Ба назари ӯ, пешниҳодҳо дар доираи ин қонун "метавонанд боиси манъи кори худсаронаи хабарнигорони хориҷӣ дар Қазоқистон шаванд.

Гурӯҳе аз вакилони порлумони Қазоқистон рӯзи 25-уми январ тарҳ (лоиҳа)-еро тасдиқ карданд, ки ба мақомоти ин кишвари Осиёи Марказӣ иҷоза медиҳад, ба "сабабҳои амниятӣ" аз додани парвонаи кор (аккредитатсия) ба расонаҳои хориҷӣ ва хабарнигорони онҳо худдорӣ кунанд.

Тибқи лоиҳаи қонун, Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон метавонад "дар сурати таҳдид ба амнияти миллӣ" аз додани аккредитатсия ба расонаҳои хориҷӣ ва хабарнигорони онҳо даст кашад.

Дар тарҳ ҳамчунин гуфтаанд, кори расонаҳои хориҷӣ ва хабарнигорони онҳо бе аккредитатсия мамнуъ хоҳад буд.

"Тасмим дар бораи боздоштани фаъолияти расонаҳои хориҷӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷӣ ва бе ҳукми додгоҳ гирифта хоҳад шуд," – зикр кардаанд муаллифон.

XS
SM
MD
LG