Ссылки доступа

Хадамоти алоқа гуфт, Интернет арзон мешавад. Кай? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Хадамоти алоқа гуфт, Интернет арзон мешавад. Кай? Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, мумкин аст, дар ояндаи наздик арзиши истифода аз Интернет поин равад. Солҳост, ки дар кишвар шикоят аз суръати сусти Интернет ва қимати баланди он зиёд аст ва рӯзе нест, ки як корбар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи суръати Интернет шикояту даъво накунад. (видео)

- Сӯиқасд ё амали террористӣ? Боздошти 8 нафар дар Кӯлоб. Додситонӣ таркиши мошини раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар шаҳри Кӯлобро "амали терорристӣ" номид. Рӯзи 5-уми январ намояндаи ҳизби ҳоким дар Кӯлоб бар асари таркиши мошинаш маҷрӯҳ шуда буд (видео)

- Вазирони тоҷик то ду соли дигар сарваташонро нишон медиҳанд? Раҳбари Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон мегӯяд, то ду соли дигар дороиҳои мансабдорони кишварро эълон мекунанд. Эълони ин ки мансабдорон чанд хонаву мошин доранд, дар аксар кишварҳои дунё як кори маъмулӣ аст, вале дар Тоҷикистон не. Чаро?

- "Шаҳрӣ шудед, чорводорӣ накунед. Мо ҳанӯз қишлоқием". Шаҳрдории Душанбе аз сокинони деҳоте, ки ду сол пеш ба қаламрави пойтахт шомил шудаанд, хостааст, ки ҳарчӣ зудтар ба чорводорию паррандапарварӣ поён диҳанд (видео)

- Нуриддин Саид аз хабарнигорон хост, натарсанд. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфтааст, ки мехоҳад барномаҳои танқидӣ дар телевизионҳои давлатӣ бештар шавад. Нуриддин Саид, рӯзи 29-уми январ дар хитоб ба зердастонаш гуфт, аз танқид кардан натарсанд. (видео)

- Қирғизистониҳо ба таҳрими "Уральские авиалинии" даъват мекунанд. (видео)

- Миёни пули Восеъ шикаст. Расо ду ҳафта мешавад, сокинони деҳае дар ноҳияи Восеъ ба мушкили рафтуомад, рӯ ба рӯ ҳастанд. Пуле, ки аз он мардум худро то шоҳроҳи асосӣ мерасонданд, дар зери мошини гаронвазне ду тақсим шуд. Маҳмудҷон Раҳматзода ба ин маҳал рафт. (видео)

- Андози нав аз ҳар мошин: аз 1584 то 2880 сомонӣ. Андоз ё молиёти нав барои маҳву коркарди мошинҳо дар Тоҷикистон ронандагонро сахт нигарон кардааст. Тибқи қонуни нав, барои нобуд кардани нақлиёт аз соҳибони онҳо аз 1584 сомонӣ то 2880 сомонӣ талаб мешавад. Мақомот тасмимро муҳим, аммо ронандагону коршиносон меъёри онро "вазнин" донистанд. (видео)

- $2 миллиард – нақшаи Тоҷикистону Қазоқистон. Тоҷикистон ва Қазоқистон нақша доранд, ки додугирифтро ба ду миллиард доллар расонанд. Мурат Нуртлеу, муовини сарвазир ва ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, 25-уми январ дар поёни сафари расмияш ба Тоҷикистон дар ин бора изҳорот дод. (видео)

- "Соли маърифати ҳуқуқӣ" дар Тоҷикистон. Чаро? Соли 2024 дар Тоҷикистон "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон шудааст. Ҳукумат дар эъломияе ҳадафи тасмимро "баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам кардани институти ҳуқуқи инсон... ва баланд бардоштани мақоми қонун" номид (видео)

- Додгоҳи марди қирғизистоние, ки гӯшу бинии ҳамсарашро бурида буд. (видео)

- Боздошти мансабдори баландпоя дар вилояти Суғд (видео)

- Зимистони гарму хушк кишоварзонро нигарон кардааст (видео)

- Кай дар Кӯлоб истгоҳҳои нақлиёт барқарор мешаванд? (видео)

- "Аз бом афтодам, ҳаётам дигар шуд" (Рӯзгори муҳоҷир #13). Меҳмони навбатии барномаи "Рӯзгори муҳоҷир" Ҷунайдулло Исмоилов аст, ки солҳои дароз дар Русия кор карда, имрӯз соҳиби чанд корхона аст (видео)

- Баъди 30 сол Бохтар соҳиби нақлиёти ҷамъиятӣ шуд. Бохтар, яке аз калонтарин шаҳрҳои Тоҷикистон ва маркази бузургтарин вилояти кишвар пас аз даҳсолаҳо соҳиби нақлиёти умумӣ ва ё ҷамъиятӣ шуд. Бо кумаки яке аз бонкҳои аврупоӣ дар ин шаҳр чанде пеш автобусҳои мусофирбар ба ҳаракат даромаданд ва ҳамкорони мо ҳам дар яке аз онҳо нишастанд (видео)

- "Бе ин мард аз танҳо мондан метарсам". Як ҷуфти бузургсол, ки дар Маркази парастории пиронсолон ва маъюбон дар Хуҷанд издивоҷ кардаанд, мехоҳанд, зиндагиашонро дар хонаи алоҳида идома диҳанд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG