Ссылки доступа

Ҳазорон дорухона дар Узбекистон дар остонаи басташавӣ қарор дорад


Узбекистан – одна из стран с самым большим количеством аптек в мире
Узбекистан – одна из стран с самым большим количеством аптек в мире

Бо фармони президенти Узбекистон шуруъ аз 1 июли соли ҷорӣ дар он кишвар талабот ё стандарти GVP ҷорӣ мешавад. Ин стандарт назорати доимии бехатарии доруҳо ва иттилоърасонии доимӣ аз пайомади манфии онҳоро талаб мекунад.

Аксари дорухонаҳо дар Узбекистон нуқтаҳои хурде ҳастанд.

Бисёре аз соҳибкорон дар ошёнаҳои аввали биноҳои истиқоматӣ, истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва бозорҳо дӯкон-дорухона боз мекунанд.

Дар сурати амалишавии Тартиботи нави назорати доруфурӯшӣ (GVP) ин дорухонаҳо маҷбур мешаванд, ё дӯконҳои худро банданд ва ё ба талаботи нав мутобиқ шаванд.

Ин талаботу тартибот баъди он роҳандозӣ мешавад, ки соли гузашта дар Узбекистон дар натиҷаи истеъмоли моеъи зидди сулфа 69 кӯдак фавтида буд.

Шуруъ аз 1 июл дорухона ва ширкатҳои дорусоз вазифадор мешаванд, ки тартиботи нигаҳдории доруҳоро бар асоси талаботи GVP ба роҳ монанд.

XS
SM
MD
LG