Ссылки доступа

Дар садамаи Маркази гармидиҳии Бишкек панҷ кас маҷруҳ шуд


Дар натиҷаи садама дар Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 2 феврал панҷ кас ҷароҳат бардошт, ки се тани онҳо бистарӣ шудаанд.

Дар вазорати тандурустии Қирғизистон гуфтанд, вазъи сиҳатии ду маҷруҳ вазнин арзёбӣ мешавад.

Соати наздики 3 субҳи рӯзи 2 феврал дар Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек садама рух дод.

Барои бартарафсозии оқибатҳои садама ситоди фаврӣ таъсис шудааст. "Интиқоли барқ ба сокинон идома дорад. Аммо барои ҳифзи низоми гармидиҳӣ дар интиқоли оби гарм маҳдудият ҷорӣ шудааст", - хабар дод вазорати энержии Қирғизистон.

Дар вазорати энержии он кишвар гуфтанд, барқарорсозии Маркази гармидиҳӣ то 7 рӯз вақт мегирад.

XS
SM
MD
LG