Бино ба маълумоти додгоҳӣ, марди 30-сола, М.А. дар вагони метро ба В.А. ҷафс шуда, бадани ӯро ламс кардааст.
М.А. дар додгоҳ худро бегуноҳ донистааст. Вай гуфтааст, дар вагони метро мусофир зиёд буд ва ҳангоми суръат гирифтани метро духтари шикоят карда ба қафо ғалтидааст. М.А. гуфтааст, вай танҳо духтарро аз китфаш доштааст, ки ба замин нағалтад.
Духтар ва ҳомиёнаш нишондодҳои мардро тасдиқ накардаанд.