Ссылки доступа

Бештар аз 850 кас ба барқарорсозии Маркази гармидиҳии Бишкек ҷалб шудааст

Барои рафъи оқибатҳои садама дар Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкеки Қирғизистон 682 коргар ҷалб шудааст. Дар ин бора рӯзи 4 феврал аз хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон хабар доданд.

Ба ин тартиб, дар ҷои ҳодиса 82 мутахассиси ҳолатҳои фавқулода ва 780 коргари Хадамоти ҳифзи шаҳрвандӣ машғул ҳастанд.

Садама дар Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Бишкек шаби 1 ба 2 феврал рух дод. Дар натиҷаи он бештари сокинони Бишкек бе гармӣ ва оби гарм монданд. Дар натиҷаи садама панҷ коргари Марказ ҷароҳат бардоштанд, ки се тани онҳо дар беморхона бистарӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG