Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ҷасади ду мусофири автобуси сарозершударо пайдо накардаанд


Комиссияи махсус ҳаҷми фурӯрезӣ ва имкони идомаи корҳои ҷустуҷӯӣ дар маконеро, ки онҷо автобус бо одамон дар чуқурие дар ҳудуди кони "Майкайнзолото"-и Қазоқистон сарозер шуда буд, меомӯзад.

Автобуси ҳомили кормандони Маркази ситоди ҷумҳуриявии хадамоти низомии наҷотдиҳиву садамавӣ 4 январи соли равон ба умқи 150 метр сарозер шуд. Мақомоти наҷотдиҳии Қазоқистон гуфтанд, автобус чаҳор мусофир дошт.

Ҷасади ту корманди наҷот Бердикан Саркити 24-сола ва Олег Тишкевичи 52-сола худи он рӯз пайдо карда шуд. Вале ҷасади ду корманди дигар Айдос Шаймердени 36-сола ва Айип Тлеубергенови 55-соларо то ҳол пайдо накардаанд.

Мақомоти қазоқ дар аввал мухтасар гуфтанд, "автобус ба чуқурие, ки нав ба миён омада буд, афтодааст". Ситоди марказии хадамоти наҷоти изтирорӣ дертар шарҳ дод, ки фурӯрезӣ дар ҳудуди кон пеш аз убури автобус рух додааст.

Наворҳои нашршуда аз дурбинҳои назоратӣ дар Интернет нишон медиҳанд, ки автобус дар торикӣ ҳаракат дорад ва пас аз чанд дақиқа ба чуқурӣ меафтад.

XS
SM
MD
LG