Ссылки доступа

Президенти Тоҷикистон гуфт, дар 4 моҳи ахир 196 км марз бо Қирғизистон мувофиқа шудааст

Дар чаҳор моҳи ахир Тоҷикистону Қирғизистон 196 км марзи муштаракро барои аломатгузорӣ мувофиқа кардаанд. Дар ин бора рӯзи 5 феврал президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубоев хабар дод.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, айни замон қариб 90% марзи ду кишвар мувофиқа шудааст. Дар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Қирғизистон бо президенти Тоҷикистон масъалаи истифодаи муштараки захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ, густариши тиҷорату иқтисод, робитаҳои порлумонӣ ва дигар робитаҳо байни ду кишвар баррасӣ шудааст.

Баъди як муддат сардиву танаффус дар музокираҳо, моҳҳои охир якбора ҷараёни гуфтугӯҳои мақомоти ду кишвар оид ба марз вусъат пайдо кард ва ҳар моҳ як ё ду бор ҳайатҳое ба раҳбарии сарварони КДАМ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон – Саймӯъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар бораи баргузории музокирот ва дастёбӣ ба мувофиқаҳое дар таъини мақоми қитъаҳои баҳсии марз хабарҳо нашр мекунанд.

Дар аввали моҳи декабри соли 2023 роҳбарони кумисюнҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтанд, беш аз 90 дарсади хати сарҳад мувофиқа шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон зиёда аз 900 километр сарҳад доранд, вале бахше аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст. Мардуми ду сӯи марз барои обу замин ва чарогоҳ борҳо бо ҷангу муноқиша кардаанд ва ҳамеша якдигарро дар сар задани ҳодисаҳо гунаҳкор мекунанд.

Дар ду низои хунин, ки моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 рух дод, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG