Отабек Саттории 41-сола, блогери узбекистонӣ аз вилояти Сурхандарёи он кишвар бо айби туҳмат ва тамаъҷӯӣ 6,5 сол зиндонӣ шуда буд. Вай шартан пеш аз муҳлат озод шудааст.
Додгоҳ ӯро моҳи соли 2021 зиндонӣ карда буд. Акнун вай 2 солу 11 моҳу 25 рӯзи боқимондаи ҳукми аввалияи додгоҳро дар озодӣ, аммо бо корҳои ислоҳӣ адо мекунад.
Ба ин тартиб, Отабек Сатторӣ баъд аз 3 солу 7 рӯзи боздошту зиндон ба озодӣ баромад. Ӯро охири моҳи январи соли 2021 боздошт карда буданд.
Дар Узбекистон ва дар созмонҳои байналхалқӣ боздошту зиндоншавии Сатториро "зарба ба озодии баён" баҳо дода буданд.
Отабек Сатторӣ дар шабакаҳои иҷтимоии телеграм ва ютюб саҳифа дошт ва аз амалҳои мақомоти Узбекистон интиқод мекард.