Барҳамхӯрии бунёди мазкур баъди он ошкор гардид, ки вазорати адлияи Швейтсария рӯзи 23 январи соли ҷорӣ огоҳиеро дар бораи бунёд нашр кард.
Дар огоҳӣ гуфта шудааст, ки бунёди марбут ба Тоқаевҳо бо қарори додгоҳ аз 11 январи соли 2024 баста мешавад. Додгоҳ ин бунёдро муфлис эътироф кардааст.
Ҳадафи ин бунёд, тавре дар санадҳояш зикр шудааст, аз "пешбурди дипломатия ҳамчун илм ва амалияи муносибатҳои сиёсӣ байни давлатҳо бо ҳадафи мусоидат ба муносибатҳои сулҳомез байни халқҳо" иборат буд.
Дар санадҳо ҳамчунин зикр шуда буд, ки Қосимҷомарт Тоқаев, писараш Тимур Тоқаев ва дипломати пешини швейтсарӣ Литсиус Васеша аъзои шӯрои бунёд ҳастанд.
Ҳанӯз моҳи январи соли 2022 рӯзноманигорон аз мавҷудияти чунин бунёде хабар дода буданд.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз моҳи марти соли 2011 то октябри соли 2013 роҳбари бахши СММ дар Женеваи Швейтсария ва ҳамзамон муовини дабири кулли ин созмон буд.