"Раҳбари давлат тибқи қонунгузорӣ, номзади пешниҳодшударо бо раҳбарияти ҷиноҳҳои ҳизбӣ дар порлумон баррасӣ хоҳад кард", - иқтибос овардаанд расонаҳои расмӣ бо истинод ба хабари хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон.
Интизор меравад, номзадии сарвазири нави Қазоқистон нимаи дувуми имрӯз дар порлумон пешниҳод ва баррасӣ шавад. Дар он президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев иштирок мекунад.
Бектенови 43-сола дар сурати тасдиқи номзадияш ҳукумати навро ташкил хоҳад кард. Тоқаев ахиран ҳукумати Қазоқистонро ба истеъфо фиристод.