Ссылки доступа

Додгоҳи Қирғизистон шикояти "24.kg"-ро рад кард

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 6 феврал шикояти хабаргузории "24.kg"-ро рад кард.

Вакилони дифои "24.kg" аз додгоҳ хоста буданд, то амали муфаттишон, ки рӯзноманигоронро ҳангоми бозҷӯии коргоҳи расона ба дохил роҳ надоданд, фаъолияти онҳоро манъ карда, ҳамчунин хостанд, маълумот дар ин заминаро ифшо накунанд, ғайриқонунӣ биномад.

Додрасҳо Миран Шерматов ва Турат Бекенов гуфтанд, ки дар рафтори муфаттишон қонуншиканиеро намебинанд.

Рӯзи 15 январи соли ҷорӣ кормандони КДАМ ба коргоҳи хабаргузории 24.kg омаданд. Онҳо чанд соат коргоҳро кофтанд, санадҳо, дастгоҳҳои хабаргузорӣ ва телефонҳои шахсии кормандонро бо худ бурданд. Мудири кул Асел Оторбоева, сармуҳаррирон Антон Лимар ва Маҳинур Ниёзоваро ба бозпурсӣ бурданд.

Дар КДАМ гуфтанд, кофтукоб дар коргоҳи 24.kg дар доираи парвандаи "Тарғиби ҷанг" сурат гирифтааст. Асел Оторбоева ва Маҳинур Ниёзова рӯзи 17 январ дубора ба бозпурсӣ даъват шуда буданд.

XS
SM
MD
LG