Ин вазорат гуфтааст, Исроил ният дорад, аз Узбекистону Ҳинд ва Шри-Ланка 65 ҳазор муҳоҷир даъват кунад. Ба далели камбуди неруи корӣ дар Исроил нисфе аз иншоот нимасохта боқӣ мондааст ва ҳамзамон коргарони мавҷуд дар он кишвар талаби маоши бештар кардаанд.
Пештар дар сохтмонҳои Исроил ҳудуди 72 ҳазор фаластинӣ кор мекарданд. Баъди даргирӣ миёни Исроилу Фаластин шуруъ аз 7 октябр фаластиниҳо аз кор ронда ва аз ҳудуди Исроил ихроҷ шуданд, хабар медиҳанд хабаргузориҳо.