Ба иттилои пулис, рӯзи 5 феврал ҳамсари пулиси фавтид аз мақомоти корҳои дохилӣ хоҳиш кардааст, ки дар пайдо кардани шавҳараш мусоидат кунанд. Ж.Б., соли таваллудаш 1979, сардори пешини пулиси ноҳияи Октябр субҳи рӯзи 4 феврал аз хонааш баромада, дигар бар нагаштааст.
Кормандони пулис нисфирӯзии 6 феврал ҷасади ӯро дар Боғи ботаникӣ овехта дарёфтаанд.
Ҷасад ба ташхис фиристода шудааст.