Ссылки доступа

Куштори духтарчаи 5-сола: Додситон хост, корманди хадамоти иҷрои ҷазо зиндонӣ шавад

Айбдоркунандаи давлатӣ 6 феврал барои корманди Хадамоти иҷрои ҷазо дар ноҳияи Сариағаши Қазоқистон Турарбек Тилдахонов се соли зиндон талаб кард.

Тилдахонов ба хунукназарӣ ҳангоми иҷрои вазифа ва таҳти назорат нагирифтани Сайдолим Ғайбназаров, ки баъди адои ҳукми зиндон бо иттиҳоми куштори духтарчаи панҷсола дар вилояти Туркистон ба ҳабси абад маҳкум шуд, гунаҳкор мешавад.

Худи Тилдахонов худро гунаҳкор намеҳисобад ва аз додгоҳ хост, вайро пурра сафед кунад.

Духтарчаи 5-сола рӯзи 13 июли соли гузашта аз саҳни бинои зисташон дар "Жибек Жолӣ"-и Сариағаш бедарак шуд. Дертар ҷасади ӯро аз боми бинои ҳамсоягӣ пайдо карданд.

Дар робита ба ин куштор марди 48-солае дастгир ва бар асоси бандҳои "Куштор"-у "Таҷовуз ба номус" ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд.

Бино ба хабарҳо, маҳкумшуда, ки соли 2006 бо ҷурми куштор 10 сол зиндонӣ шуда буд, моҳи майи 2023 як ҳамдеҳаи худро бо табар задааст. Вале додгоҳ бо назардошти он ки ҷонибҳо оштӣ кардаанд, мардро шартан аз озодӣ маҳрум кардааст.

XS
SM
MD
LG