Ссылки доступа

Маркази барқу гармидиҳии Тошканд 1,3 млрд сӯм ҷарима шуд


Маркази барқу гармидиҳии "Ангрени нав"-и вилояти Тошканди Узбекистон барои олудасозии ҳаво 1,3 миллиард сӯм (беш аз 105 ҳазор доллари амрикоӣ) ҷарима шудааст.

Идораи экологияи вилояти Тошканд гуфт, дар пайи шикоятҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар марказ санҷиш гузаронид ва маълум кард, ки ҳаҷми партовҳои зарарасони он ба ҳаво аз меъёр зиёд мебошад.

Мутахассисон муайян кардаанд, самаранокии кори дастгоҳҳое, ки бояд аз олудшавии ҳаво пешгирӣ кунанд, 80 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят мавод пешниҳод карда шудааст, то алайҳи 11 мансабдори "Ангрени нав" чора андешида шавад.

Корбарони узбекистонӣ бо нашри наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят карда буданд, ки "Ангрени нав" ҳаворо олуда месозад.

XS
SM
MD
LG