Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон лоиҳаи қонуни "намояндагони хориҷӣ"-ро баррасӣ накард


Тарҳи қонун "Дар бораи намояндагони хориҷӣ" дар Қирғизистон, ки қарор буд, 7 феврал дар порлумон баррасӣ шавад, аз рӯзномаи ҷаласа бардошта шудааст.

Дар ин бора вакили порлумони Қирғизистон Дастон Бекешев хабар дод. "Эҳтимол, гуфтугӯҳо бо сармоягузорони байналмилалӣ ҳанӯз ба поён нарасидаанд. Қаблан баррасии ин лоиҳа ба далели мунтазир мондан ба гранти Иттиҳоди Аврупо боз дошта шуда буд, вале ба маҳзи дастрас шудани грант дубора оғоз ва ба кумита пешниҳод гашт", - навиштааст вакили қирғиз дар канали телеграмии худ.

Дар хадамоти матбуотии порлумони Қирғизистон гуфтанд, ки намедонанд чаро тарҳи қонун имрӯз баррасӣ карда нашуд.

Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ, сохтори давлатӣ ва масъалаҳои додгоҳӣ-ҳуқуқии порлумони Қирғизистон ахиран тарҳи қонуни "намояндагони хориҷӣ"-ро дар хониши дуввум тасдиқ кард.

Бар асоси тарҳи қонун, дар Қирғизистон мехоҳанд, созмонҳои иҷтимоӣ ва созмонҳои ғайридавлатиеро "намояндаи хориҷӣ" унвон кунанд, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд.

Чанде аз созмонҳои байналхалқӣ низ аз мақомоти Қирғизистон хостанд, ки ин тарҳро қабул накунанд. Тарҳи мазкурро ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" ташбеҳ мекунанд.

XS
SM
MD
LG