Хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон афзуда, ки муовини сарвазири кишвар Бакит Торобаев раҳбари комиссия таъйин гаштааст.
Комиссия чораҳои таъхирнопазир дар робита ба барқарорсозии кори марказро ҳамоҳанг карда, дар муҳлати як моҳ сабаби рух додани садама дар онро бояд муайян кунад. Ҳамчунин пешниҳодҳои худро барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор дар ин ҳодиса пешниҳод мекунад.
Садама дар Маркази барқу гармидиҳии Бишкек шаби 1 ба 2 феврал рух дод. Дар натиҷаи он бештари сокинони пойтахти Қирғизистон бе гармӣ ва оби гарм монданд. Дар садама 5 коргари марказ ҷароҳат бардоштанд, ки се тани онҳо дар беморхона бистарӣ шуданд.