Ссылки доступа

Сӯми узбекӣ яке аз беқурбтарин пулҳо номида шуд


Пули узбекӣ - сӯм дар раддабандии пулҳои миллие, ки дар давоми даҳ соли ахир дар баробари доллари амрикоӣ аз ҳама бештар беқурб шудаанд, мақоми 8-умро касб кардааст.

Ин раддабандиро "Creative Planning", ширкати амрикоии мустақили идораи дороиҳо ва машваратӣ дар умурӣ сармоягузорӣ бар асоси қурби расмии кишварҳо, таҳия кардааст.

Тибқи он, пули узбекӣ дар давоми даҳ соли ахир дар баробари доллари амрикоӣ 82,3 дарсад қурби худро аз даст додааст ва ин бадтарин нишондод дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ аст.

Гривнаи украинӣ 77,5%, тангаи қазоқӣ 65,4%, рубли русӣ 61,3%, соми қирғизӣ 43,3% ва сомонӣ 56,3% дар баробари доллар беқурб шудаанд.

Устувортарин пули миллӣ дар Осиёи Марказӣ манати туркманӣ номида шудааст, ки танҳо 18,4 дарсад қурби худро аз даст додааст. Аммо бояд гуфт, ки дар Туркманистон бозори “сиёҳ”-и асъор вуҷуд дорад ва арзиши манат дар он назар ба қурби расмӣ хеле поинтар аст.

XS
SM
MD
LG