Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон дар бораи рӯзноманигорони боздоштшуда изҳори назар кард

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар мусоҳибааш бо хабаргузории "Кабар" боздошти 11 рӯзноманигорро шарҳ дод.

Дар шарҳи боздошти рӯзноманигорон Ҷабборов гуфт, дар Қирғизистон озодии баён мавҷуд аст ва одамон намегузоранд, ки озодии баён набошад.

"Онҳое, ки мегӯянд, вазъ бад шудааст, худи онҳо манфиатдори бад шудани вазъ ҳастанд. Онҳо пушти ибораҳои "озодии баён" пинҳон мешаванд ва бадкорӣ мекунанд. Онҳо патриотҳои дурӯғин ҳастанд", - гуфт Ҷабборов.

Вай илова кардааст, ки "тарғиботи фаъолонае идома дорад, ки ҳадаф барангехтани тафаккури интиқодӣ миёни мардум аст". Ва, илова кардааст президенти Қирғизистон, "хилофи давлат, одат ва анъанаҳои мост". Ҷабборов гуфтааст, ки агар ҳукумат ба озодии баён ҳамлаи ноодилона медошт, мардум зиддаш бармехест.

Миёнаҳои моҳи январи соли ҷорӣ дар Қирғизистон якбора 11 рӯзноманигори тими TemirovLIVE боздошт шуданд, ки онҳо ба таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар бораи фасодзадагии намояндагони ҳукумати Қирғизистон машғул буданд. Додгоҳ онҳоро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

XS
SM
MD
LG