Вай гуфт, ёриҳо бояд "ба афроди дар воқеъ ниёзманд" расонида шаванд.
Ба иттилои Тоқаев, айни замон дар Қазоқистон ҳудуди 4,5 млн сокин ва ё ҳар панҷумин шаҳрванд аз ёриҳои давлат бархӯрдоранд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Тоқаев, аксари ин афрод "қобилияти меҳнатӣ доранд".
"Бо расонидани ёриҳои давлатӣ мо дар ҷомеа "психологияи тайёрхӯрӣ"-ро эҷод кардем, ки ин кор дар кишварҳои дигар нест. Кумакро бояд ба одамони дар воқеъ ниёзманд расонид, на ба онҳое, ки дар манзилҳои худ зиндагӣ намекунанд ва мошинҳои гарон меронанд", - афзуд Тоқаев.