Ссылки доступа

Дар Қирғизистон амволи Раимбек Матраимовро мусодира карданд

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯйхати амволи мусодирашудаи муовини пешини раиси Хадамоти гумруки он кишвар Раимбек Матраимовро нашр кард.

Ба иттилои кумита, арзиши умумии амволи мусодирашудаи Матраимов 34 миллиону 810 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Аз муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон, аз ҷумла маҷмааи зисти панҷошёнаи "Бай Таш Tower" дар шаҳри Бишкек бо арзиши 16 миллиону 297 ҳазор доллар ва иншооти тиҷории "Ихлос" дар шаҳри Ӯш, ки 7 миллиону 627 ҳазор доллар арзиш дорад, ба нафъи давлат мусодира шудааст.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ахиран хабар дод, ки Матраимовро таҳти пайгарди қонунӣ қарор додааст. Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба манбаъҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон навиштанд, ки Матраимов дар "Мусоидат ба маҳдудсозии озодии шахсе, ки дар ҳаракатҳои ӯ нишонаҳои ҷиноят дида намешавад" муттаҳам аст.

Раимбек Матраимов солҳои 2015-2017 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд. Ному насаби вай борҳо дар таҳқиқотҳои рӯзноманигории марбут ба низоми фасодолуди мақомоти гумруки Қирғизистон зикр шудааст.

Моҳи октябри соли 2020 Матраимовро дар фасодкорӣ дар мақомоти гумрук айбдор карданд. Вай 1 млрд 400 млн сом пули нақд ва дар ҳаҷми 600 млн сом ба давлат амвол пардохт. Матраимов дар додгоҳ айбро эътироф кард ва бо пардохти 260 ҳазор сом ҷарима озод шуд.

XS
SM
MD
LG