Ссылки доступа

Дар Қазоқистон хабарҳои эътироф нашудани ҳуҷҷатҳои ронандагии Қирғизистонро рад карданд


Дар вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба иттилоъ дар бораи он посух доданд, ки чаро ҳуҷҷатҳои ронандагии бархе аз қирғизистониҳо дар Қазоқистон эътироф нашудааст.

Ба иттилои вазорат, Қирғизистон ва Қазоқистон узви Конвенсияи Венаи СММ "Дар бораи ҳаракат дар роҳ" ҳастанд. Ин Конвенсия 8 ноябри соли 1968 қабул шудааст ва дар асоси он кишварҳо ҳуҷҷатҳои ронандагии ҳамдигарро эътироф мекунанд.

Бо ин вуҷуд вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, бархе аз нозирони роҳ дар Қазоқистон қонунгузории байналхалқиро риоя намекунанд ва ба ронандагои қирғизистонӣ тавсия медиҳанд, ки ҳуҷҷатҳои қазоқистонӣ бигиранд.

"Вазорат бо ҷониби Қазоқистон гуфтугӯ ва аз онҳо хоҳиш кард, ба нозирони роҳ фаҳмонанд, ки ҳуҷҷатҳои ронандагии қирғизистониҳо эътибор доранд", - хабар дод вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

Эмил Токтошев, вакили порлумони Қирғизистон рӯзи 8 феврал дар ҷаласаи порлумон гуфт, бархе аз қирғизистониҳо ба вай шикоят кардаанд, ки дар ҳудуди Қазоқистон ҳуҷҷатҳои ронандагии Қирғизистон эътироф намешавад ва аз онҳо талаби иваз кардани ҳуҷҷатҳоро мекунанд. Вакил аз девони вазирон даъват кард, ин мушкилро ҳал кунанд.

Бино ба оморҳои ахир, ҳудуди 30 ҳазор қирғизистонӣ дар Қазоқистон муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG