Ссылки доступа

Блогери мазҳабӣ Аброр Мухтор Алиро дар Узбекистон 15 рӯз ҳабс карданд


Аброр Мухтор Алӣ - блогери маъруфи узбекистонӣ ва чаҳор дӯсти ӯро рӯзи 6 феврал боздошт ва 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд.

Блогер ва дӯстонашро бо моддаи "иҷро накардани талаби қонунии корманди мақомоти пулис", "мухолифат бо иҷрои вазифаи хидматии корманди пулис" айбдор карданд.

Бино ба иттилои парванда, Аброр Мухтор Алӣ ҳамроҳ бо дӯстонаш рӯзи 6 феврал "дар бинои ҳукумати ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд ҷанҷол кардаанд". Пулис ба ҷои ҳодиса омадааст ва блогер бо дӯстонаш ба амри қонунии пулис итоат накардаанд.

Аброр Мухтор Алӣ моҳи феврали соли 2023 бо айби паҳн кардани иттилои бардурӯғ нисбати блогери дигар Никита Макаренко ҷарима шуда буд.

Ҳамчунин Фозилхоҷа Орифхоҷаев - блогери дигари узбекистонӣ баъди ҷанҷол бо Аброр Мухтор Алӣ 7,5 сол зиндонӣ шуда буд.

Аброр Мухтор Алӣ дар шабакаи YouTube бештар аз 700 ҳазор пайгир, дар Instagram наздики 1 млн ва дар Telegram қариб 100 ҳазор пайгир дорад. Вай бештари маврид маълумоти ҷанҷолбарангех нашру паҳн мекунад.

XS
SM
MD
LG