Ссылки доступа

HRW Остонаро барои таъқиби дигарандешон маҳкум кард


Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) бори дигар мақомоти Қазоқистонро барои таъқиби танқидгарони ҳукумат маҳкум кард.

Ин созмон, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷойгир аст, гуфт, Остона бояд мафҳуми "экстремизм"-ро дар қонунгузории кишвар мушаххастар намояд ва аз истифодаи ин модда барои таъқиби танқидгарон худдорӣ варзад.

Дар HRW ёдовар шудаанд, ки президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар мусоҳибааш рӯзи 3 январ гуфта буд: "Дар қонунгузории мо ҳеч фармоне, ҳеч қонуне, ҳеч санади ҳуқуқие мавҷуд нест, ки бар асоси он шаҳрвандон барои дидгоҳҳои сиёсиашон таъқиб шаванд".

Дар изҳороти HRW омадааст, ки таъқиби танқидгарони ҳукумат бар асоси айбҳои экстремизм поймолсозии меъёрҳои байналхалқӣ дар бахши ҳуқуқи инсон аст.

Изҳороти созмони мазкур дар ҳолест, ки дар Қазоқистон интизор меравад, дар ояндаи наздик ҳукми рӯзноманигор ва фаъоли шаҳрвандӣ Думан Муҳаммадкарим эълом шавад. Муҳаммадкарим аз моҳи июни соли 2023 дар ҳасб қарор дорад. Ӯро дар "сармоягузории экстремизм" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор мекунанд. Баъди он нисбати вай парванда боз карданд, ки бо мухолифи фирории ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов мусоҳиба анҷом дод. Дар сурати исботи ин айб Муҳаммадкарим мумкин аст, то 9 сол зиндонӣ шавад.

XS
SM
MD
LG