Ссылки доступа

Фаъоли қарақалпоқистониро дар фурудгоҳи Варшава 12 соат бе обу ғизо нигаҳ доштаанд


Созмони ҳуқуқи башари "Freedom for Eurasia" (Озодӣ барои Авруосиё) мегӯяд, фаъоли қарақалпоқистонӣ Наврӯзбой Менлибоевро бо ҳамсару кудаки яксолааш дар боздоштгоҳи фурудгоҳи Варшава 12 соат бе обу ғизо нигаҳ доштаанд.

Ба иттилои сомзон, мақомоти Австрия ба дархости паноҳандагии Менлибоев, ки аз сӯи мақомоти Узбекистон таъқиб мешавад, посухи рад дода, ӯро 8 феврал ҳамроҳи хонаводааш ба Лаҳистон ихроҷ кардаанд.

"Ин хонавода аз соати 5-и субҳи 8 феврал дар роҳ буданд. Онҳо аз Вена ба Варшава парвоз мекунанд ва баъди расидан дасти кам 12 соат дар боздоштгоҳи фурудгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд. Бо вуҷуди доштани кудаки ширмак ба онҳо обу ғизо намедиҳанд", - омадаст дар изҳороти созмон.

"Freedom for Eurasia" аз мақомоти Лаҳистон даъват кардааст, ки барои гурезаи қарақалпоқистонӣ ҳадди ақал дар давраи баррасии дархости паноҳандагияш шароити муносиб фароҳам кунанд.

Наврӯзбой Менлибоев баъди оғози боздошти фаъолони қарақалпоқистонӣ дар Қазоқистон ба Аврупо паноҳ бурдааст.

XS
SM
MD
LG