Ссылки доступа

Бозҷӯии манзили зисти як фаъоли маданӣ дар Қазоқистон


Манзили зисти фаъоли маданӣ Буркутбой Носирхоновро дар шаҳри Сатпаеви вилояти Улитауи Қазоқистон бозҷӯӣ кардаанд.

Ба гуфтаи Носирхонов, бозҷӯӣ 7 феврал дар асоси қарори додраси додгоҳи Сатпаев сурат гирифтааст. Телефони ҳамроҳ ва ноутбуки фаъоли маданиро маъмурони пулис бо худ бурдаанд.

Пулис гуфтааст, Носирхонов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук видеоеро нашр карда, ки дар он мақомоти давлатӣ ва раҳбарияти ширкати "Корпорация Казахмыс" танқид мешаванд.

Фаъоли қазоқистонӣ нигарон аст, ки мақомот мехоҳанд ӯро зиндонӣ кунанд. Зеро банде, ки манзили зисташ дар асоси он бозҷӯӣ шуд, маҳдуд кардани озодӣ ё то се соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Носирхонов қабланд гуфта буд, ки мақомоти Қазоқистон ӯро барои танқидҳояш мехоҳанд бо гумони "терроризм" муҷозот кунанд.

XS
SM
MD
LG