Ссылки доступа

Сармоягузории Чин дар Узбекистон зиёд ва аз Русия кам шудааст

Чин соли гузашта аз нигоҳи ҳаҷми сармоягузорӣ дар Узбекистон мақоми аввалро касб кардааст.

Оҷонси омори назди президенти Узбекистон гуфтааст, соли 2023 ба ин кишвар ҷамъан 28,5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст.

Тибқи иттилои оҷонс, ин сармояҳо ба Чин (25,6), Русия (13,4 дарсад), Арабистони Саудӣ (7,9 дарсад), Туркия (6,4 дарсад), АМА (5,8 дарсад) ва Олмон (4,3 дарсад) тааллуқ доранд.

Дар ин раддабандӣ соли гузашта Русия (20,3 дарсад ) дар мақоми аввал ва Чин (16,4 дарсад) дар мақоми дувум қарор дошт.

XS
SM
MD
LG